Далел мо шуд он соқӣ ба доролъиши майхона
Биёгар орзӯмандӣ ба ҷоми лаъли ҷонона
Ба даври донаи холаши дилу ҷонӣ наме байнам
Ки дар доми сар зулфат науфтодааст аз ин дона
Замони васли рӯятро талабкорам ба ҷон гарчи
Ҳануз арзон буд додан ду оламро ба шукрона
Ҷаҳону ҷону дайну дил , бирав дар кор зулфаш кун
Ки аз мардон мард ояд ҳамеша кори мардона
Замони зарқу солусии гузашт эй зоҳиди раъно
Биё май хур ки тақворо лаболаби гашти паймона
Ҳадиси ишқи гӯ бо ман , на зуҳду тавбау тақво
Ки ошиқро намегирад ба гӯши афсуну афсона
Мҷу бо оташи рӯйиши тақарруб ,гар ҳамеи хоҳӣ
Ки давр аз шамъ рухсораш бисӯзӣ ҳамчуи парвона
Чу рӯйиши чарх суратгар набандад сӯрати дигар
Ба сари чандон ки мегардад дар ин пирӯзаи кошона
Дар ганҷи ҳақиқатро лабаши мифтоҳ маънӣ шуд
Зиҳии ганҷу зиҳии гавҳар , зиҳии мифтоҳу дандона
Насимӣ ! пой дил магушо зи банди зулф ӯ ҳаргиз
Ки дар занҷир май бояд ҳамеша пои девона