Имшаб аз рӯй ту маҷлисро зёиӣ дигар аст

Дидаҳоро нуру дилҳоро сафойӣ дигар аст

Шармам аз рӯй ту меояд башари гуфтани ту ро

Ҷузи худо куфраст агар гӯям худоӣ дигар аст

То ниҳодем аз сари дарюза дар Кувайти қадам

Ҳар замон аз фазли ҳақи моро атое дигар аст

Гарчи ҳаст обу ҳавои равзаи ризвони латиф

Ҷинати ободи сари кӯии ту ҷое дигар аст

Ҳаркасӣ дар сар ҳавоӣ дорад аз меҳрат вале

Дар сари мо зи оташи ишқати ҳавоӣ дигар аст

Нест ин дили қобили тимору дармон эй табиб

Дарди бемори муҳаббатро давое дигар аст

Бар дар султон , гадо ҳастанд бисёре вале

Бар дар он ҳазрати ин муфлиси гадоӣ дигар аст

Хонаи мардуми зи бас каз об чашмам шуд хароб

Ҳар замон бо оби чашмами моҷарое дигар аст

Чашм масташ гуфт : ҳастам ман балои ҷони халқ

Гуфтам абрӯ , ғамза аш гуфт : он балое дигар аст

Гарчи доранд аз гули рӯйиши навоеи ҳаркасӣ

Булбули ҷони насимиро навое дигар аст