Далели субҳи саодат , Муҳамади арабӣ
Чароғи шоми қиёмат , Муҳамади арабӣ
Маро чу аз садафи коиноти ин дар буд
Даруни баҳри ҳақиқат , Муҳамади арабӣ
Амонатӣ ки худо ваъда кард дар кунин
Дар ӯ накарда хиёнат , Муҳамади арабӣ
Эмоми мазҳабу миллат , шафиъи рӯзи ҷазо
Наими аҳли амонат , Муҳамади арабӣ
Ба ташнаҳои қиёмат ки обашони бидиҳанд
Чу соқии лаби кавсар , Муҳамади арабӣ
Муроди халқи ҷаҳон аз биҳишт маъбуд аст
Гувоҳи лафзи шаҳодат , Муҳамади арабӣ
Насимӣ аз дар раҳмати ту ноумед мабош
Ки мерасад ба шафоат , Муҳамади арабӣ