эй зи қиёми қоматат ҳар тарафии қиёматӣ

Ҷузи ту ки дорад ин чунин хубу латифи қоматӣ

То ба суҷуд чун малики пеши ту сар ниҳода ам

Дев раҷим мекунад ҳар нафасами маломатӣ

Ҳар ки накард ҷону дил бо ду ҷаҳони нисори ту

Ҳар нафасӣ ки мезанад ҳаст бар ӯ ғароматӣ

Ҷону ҷаҳону дайну дили сарфи раҳ ту ме кунам

То набӯд ба маҳшарами рӯзи ҷазои надоматӣ

То ба ҳавои дилбарон аз пай дида рафт дил

Ҳаст зи дида ҳар дамам бар сари дили аломатӣ

Вақти намоз ҳоҷатам ҳаст ҳадиси қоматаш

Гар ба хилофи ин туро ҳаст биор қоматӣ

Солики роҳи ишқи шӯ , ҳамдам ишқ бош агар

Толиби ганҷро чунин май талабии саломатӣ

Ҳоли насимӣ эй сабо !гар зи ту пурсади он санам

Бо ғам қоматаш бигӯ , ҳаст дар истиқоматӣ