Ман сар шодӣ надорам бо ғами ёрам хуш аст

Ман масеҳои мазҳабам бо дайру хуморам хуш аст

Мастам аз ҷоми аноолҳқ , ҷои ман гӯ дор бош

Давлат Мансур дорам , бар сар дорам хуш аст

Нестам чун аҳли дунё , толиби дидору ганҷ

Чун фақири муҳташам беганҷу динорам хуш аст

Чун дами рӯҳи алқудс дар ҷони бемор ман аст

Бо висоли он табиби ин ҷони беморам хуш аст

Кору борӣ буд агар , дар ишқи шастами даст аз он

Ғайр аз он корӣ надорам , бо чунин корам хуш аст

Бар сари кӯии ҳавояти кони мақом ҳайрат аст

Поу сар гум кардаам , бекафшу дасторам хуш аст

Ман халили ишқи ёрами рух наме тобами зи нор

Нор бо ошиқ чу гулзораст бо ноРом хуш аст

Ърўаҳи алўсқӣу сари ваҳдату ҳабли алмтин

Зулф дилдораст аз он бо зулфи дилдорам хуш аст

Ман зи чашми масти соқӣ дар хуморами рӯзу шаб

Айб натавон кард агар бо хамри хуморам хуш аст

Ҷинати фардоу ҳури айн наме бояд маро

Каз Наими охират бо васли он ёрам хуш аст

Ман зи нури офтобам эй насимӣ зон ҷиҳат

Ҷовдон бо офтобу моҳу анворам хуш аст