Дам ҳақ дамид дар мо , дами фазли лоязолӣ
Чаҳ муборакаст ин дами зи ҷаноби фазли олӣ
Чу ҷаноби зулҷалолати ҳама бар камол дидам
Гунаҳаст агар нагӯям ки ту зоти зулҷалолӣ
Снмои зи тарафи бурқаъи рухи ҳамчу моҳ бинмо
Ки сарой « кун факон » шуд зи вуҷӯди ғайри холӣ
Чаҳ хаёли нақши бандам ки на сӯрат ту бошад
Ки шуд аз рухи ту равшан ки ту нақш ҳар хаёлӣ
Ба ҷамолу ҳасан ва хӯбӣ накунам ситоиши ту
Ки ту ҳамчунон ки ҳастӣ ҳамаи ҳасанӣу ҷамолӣ
Расадат ки гӯии хӯбии бабрии зи ҷумлаи хубон
Ки ту он маи малеҳӣ ки ба ҳасан бе мисолӣ
Адаму заволу нуқсон ба ту роҳ аз он надорад
Ки ту он хуҷастаи Меҳрӣ ки муназзаҳ аз заволӣ
зи фироқу дард даврӣ накунам ҳадис аз онру
Ки чу рӯҳу нутқ бо ман шабу рӯз дар висолӣ
Ба камол агар тавонад сифатат фузунтар ояд
Бинмоӣ то бигӯям ки фузунтар аз камолӣ
Башарӣ ба сӯрат ту нишнидам аллоҳи аллоҳ
Чаҳ ҷамили ҳасану халқӣ , чаҳ латифи зулфу холӣ
Бинмо ба халқи олами руху нафии мо сўо кун
Ки ба соду айн баҳра диҳад он ба ҷиму долӣ
Ба ту чун ғанӣ набошам ки ба васфи дрнёиӣ
Ки чаҳ бе каронаи мулкӣ ва чаҳ бе шумораи молӣ
Шаби қадар агарчӣ беҳтари зи ҳазор моҳ бошад
Ту ба қадару рифъати афзӯни зи ҳазор моҳу солӣ
зи шароби фазли моро қадаҳии даҳ , эй насимӣ !
Ки ту ҷоми офтобӣ ва ту рӯҳи лоязолӣ