Гавҳари дарёии ваҳдат одамаст , эй одамӣ
Гар чу одами сари асморо бадонеи одамӣ
Зиндаи боқии шӯ , эй сӣ ва ду нутқи лоязол
Ҳокими нутқӣу нутқи исои соҳиби дамӣ
Гар бибинӣ сӯрати худро ба чашми маърифат
Равшанат гардад ки ҳам ҷамшед ва ҳам ҷомии ҷамӣ
Ҷон агар хонам туро , бошад бад-ӣни маънии дуруст
Каз сар таҳқиқ медонам ки ҷони олимӣ
Гар ҳидояти ёбӣ аз « ман ъндаҳи илми алкитоб »
Он сулаймонӣ ки исми аъзамашро хотамӣ
Ранги намрудӣу фиръавнӣу даҷолӣ чу рафт
Ҳам халил ва ҳам кулем ва ҳам Масеҳи Марямӣ
Дар рухи хубон чу ҳаст ойӣнаи гетии намо
Сӯрати ҳақро ба чашми сари беингар муҳаррамӣ
Аз хаёл беш ва кам фориғи шӯ ва осӯда бош
То ба кӣ дар фикр он бошӣ ки бо бешу камӣ
Кӣ шавад равшан ба хуршеди Рахши чашм касе
Каз муҳӣти маърифати нобардаи ҳаргизи шабнамӣ
Дар биёбони таҳайюри вола ва саргашта анд
Ҳайдарӣу Аҳмадӣу жандаи пӯшу адҳамӣ
эй насимӣ ! вақт он шуд каз дами рӯҳи алқудс
Нафхае аз сувари исрофил бар олами дамӣ