Зулфро бар ҳар ду рух ҷо ме кунӣ

Ғорати ҷон , қасд дилҳо ме кунӣ

Май диҳии соғари зи чашми пурхумор

Соликонро маст ва шайдо ме кунӣ

Дар ҷаҳон аз зулфу рухсори ин қамар !

Ҳар замони сад фитна пайдо ме кунӣ

Кардае ойӣнаи моро ва дар ӯ

Сӯрати худро тамошо ме кунӣ

Пардаи бармеи дорӣ аз рӯй чу моҳ

Ганҷи ҳақро ошкоро ме кунӣ

Гӯшаи гирони мураққаъи пӯш ро

Бути парасти ишқ ва расво ме кунӣ

Дона майсозӣ зи холи анбарин

Доми дили зулфи саман со ме кунӣ

намекунӣ бо ошиқони нозу итоб

Муддаиро офарин ҳо ме кунӣ

Бедилиро ҳрдм эй Лайлӣ чу ман

Ошиқу маҷнӯн ва шайдо ме кунӣ

Мушкили ҳардуи ҷаҳон ҳал ме шавад

Чун зи гесуи як гиреҳ во ме кунӣ

Кас надидааст ин қиёматҳо ки ту

Дар ҷаҳон эй сидраи боло ! ме кунӣ

Аҳли маъниро ба даври зулфу хол

Ҳамчуи нуқта бесар ва по ме кунӣ

Таври синоӣ таҷаллӣ тӯйем

эй ки моро тавр сино ме кунӣ

эй насимӣ аз дами рӯҳи алқудс

Мурдагонро ҳашар ва эҳё ме кунӣ