Бахти абади ёри он ки бо ту қарин аст

Бо ту нишастан ба аз биҳишт барин аст

Ҷавру ҷафо кардан аз ту давр набошад

Одати хубони рӯзгор чунин аст

Дили ҳавас зуҳд карду гӯшаи валикин

Чашми сиёҳи ту офати дил ва дайн аст

Масту хароб аз хаёли гӯшаи чашмат

Ҳар тарафии садҳазор гӯша нишин аст

Тинати покизагии лутфи танат ро

Хоки зи кофуру оби моء муайян аст

Чашми гуҳарборам аз хаёли даҳонаш

Ҳуққаи лؤлؤии ноб ва дар смин аст

Дил ба ту додему ҷони фидоӣ ту кардем

Байъати мо бо туу қарор ҳамин аст

Давлати васли ту ҳар ки ёфт ба олам

Хусрави офоқу шоҳ рӯй замин аст

Холи ту Кашмӣр ва Бобуласт занхдон

Чашми ту аз хато ва рӯй ту чин аст

Мусҳаф рӯй ту мекунад ҳамаро шарҳ

Роз наоне ки ( он ) эмом мубин аст

Ҷон ба хаёли лабати супурди насимӣ

Зон ки хаёли лаби ту рӯҳ амин аст