Чашми бемори ту то масту хароб афтода аст

Дар сари ман ҳаваси ҷому шароб афтода аст

То ҳадис лаб мегаван ту дар шаҳр афтод

Зоҳид гӯша нишин бо май ноб афтода аст

Назми дандони ту то дидаам эй пистаи даҳан !

Ба худо аз назарам дар хўшоб афтода аст

Дар дил афтод марои оташи ишқат чун шамъ

Риштаи ҷонам аз он дар табу тоб афтода аст

Акси болои ту дар дидаи ман доне чист ?

Сояи сарв ки дар чашмаи об афтода аст

Ҳарки манъам кунад аз ишқи ту эй тарки хато !

Ҳама донанд ки аз роҳи савоб афтода аст

Аз хаёли лаби нӯшин ту дар бодаи мудом

Қадаҳи дидаи ман ҳамчуи ҳубоб афтода аст

Ҳар ки хуноб , чикон дид з чашмам донист

Котшӣ дар дили маҷрӯҳи кабоб афтода аст

Ман аз ин боб ки даврами зи рахт шефта ам

Даври зулфи ту парешони з чаҳ боб афтода аст

Лолаи длсўхтаҳ , гули ҷома даронаст зи рашк

Магар аз тарафи изори ту ниқоб афтода аст

намекашад ҳар нафасами дил ба хароботи Муғон

Оҳ кин хирқаи пашминаи ҳиҷоб афтода аст

Ҳар замон аз ҳаваси чашми ту сад гӯша нишин

Бар дар майкадаҳо масту хароб афтода аст

Суфтаам дар ғам рӯй ту ба мижгони ҳама ро

Ҳар дарӣ каз садафи чашми саҳоб афтода аст

Чашми бемори ту то дид насимӣ , махмур

Рӯзу шаб дар ҳаваси мастӣу хоб афтода аст