Масҷиду майкадау каъбау бтхонаҳ яке аст
эй ғалат карда раҳи кӯчаи мо ! хона яке аст
Ҳаркас аз ҷоми азал гарчи ба навъе мустанад
Чашми масти ту гувоҳаст ки паймона яке аст
Сӯрати одаму ҳавво ба ҳақиқат дом аст
Маънии дом агар ёфтае , дона яке аст
Гарчи бисёр буд қиссау афсонаи ишқ
Чун ту соҳиби назарии қиссау афсона яке аст
Ихтилофии зи раҳи сӯрат агар ҳаст чаҳ бок
Оташу шамъу шабу маҷлису парвона яке аст
Ҳаряк аз рӯй сифат ёфта исмии вар на
Муфлису муҳташаму оқилу девона яке аст
Чашми аҳвали зи хато гарчи ду бинад як ро
Равшанаст ин ки дилу дилбару ҷонона яке аст
Такя бар маснад ҳастӣ макун эй соҳиби ҷоҳ !
Ки дар ин раҳ бар мо гулхану кошона яке аст
Чун насимӣ , талаби ганҷ бақо кун ки яқин
Шоҳу дарвеш дар ин манзили вайрона яке аст