Он ки бар лавҳи рахти хат илоҳӣ донист

Бандаи ишқ илоҳӣ шуд ва шоҳӣ донист

Он ки мегуфт ки рӯй ту ба ма ме монад

Чун назар кард ба рӯй ту кмоҳӣ донист

Зулфу рухсори тўош кӣ равад аз пеши назар

Он ки ӯ нақши сипедӣ ва сиёҳӣ донист

Чашму абрӯии туро , қадар ки донад ҷузи ман ?

Қимати тарки камондор сипоҳӣ донист

Гарчи рози дилам аз ашк ақиқӣ шуд фош

Мункири дили сияҳ аз чеҳра коҳӣ донист

Асли мо зи об ҳаётасту равони бахшеи он

Аз майонаш ба канор омад ва моҳӣ донист

То дилами обид рӯй ту шуд эй каъбаи ҳасан

Тоъатии кон ба ҷузи ин буд муноҳӣ донист

Ба ҷуз аз кори ғамат ҳарчӣ дилам кард он ро

Ҳама беҳосилӣу фикр табоҳӣ донист

Даҳанати олам ғайбасту миёни сари дақиқ

Ин касеро ки тўоши пушт ва паноҳӣ донист

Гарчи монад ба рахти лола , вале натавонад

Ҳар гиёҳии сифати меҳр гиёҳӣ донист

Воҳиди мутлақӣ , аммо натавонист Иблис

Ин сифатро зи ду бинӣ ва ду роҳӣ донист

То ба рухсор ту шуд чашми насимии бино

Ориф ҳақ шуд ва аз фазл илоҳӣ донист