Биор боди сабои шамае зи турраи дӯст
Ки офтоби ҷҳонтоби зер соя ӯст
Куҷое эй санами чин ! ки ашки дидаи ман
Ба ҷусту ҷӯии висолат ҳамеша дар таку пӯст
Ба буии зулфи ту ҷон медиҳад насими сабо
Ки ҳамчуи сунбули зулфати насим ғолия бӯаст
Каманди зулфи ту бар чеҳраи ту , пиндорӣ
Фитодаи сунбули сероб бар гул худ рӯаст
Хаданги ғамзаи хубони куҷо хато гардад
Кашида то ба биногваши он камон абрӯаст
Сабурӣ аз рухи дилдор ихтиёрӣ нест
Заруратаст зарурати сабурӣ аз рухи дӯст
Хаёли сарви қадат бар канори дидаи ман
Ба сони қомати шамшод бар канора ҷӯаст
Дилам ба ҳалқаи он зулф мекашад ба ҷаҳон
Бибин бибин дили девонаро ки силсила ҷӯаст
Ба қавли муддаӣ аз дӯст рӯ нигараданд
Касе ки ҳамчуи насимяши ишқи одат ва хуаст