Халлоқи ду олами биҷуз аз фазл худо нест

ӯ зоту сафоташи биҷуз аз сӣ ва ду то нест

Он сӣ ва ду то асл камоласт ба таҳқиқ

Худ нест ки дар ҷонаш аз ин сӣ ва ду то нест

Дар зоҳиру ботин ба маҷозӣу ҳақиқат

Донандау бинандаи биҷузи фазл ъло нест

Тақсими самовот ва замин карда ба шаш рӯз

Қоим шуда бар арш ва бар ин ҳеҷ хато нест

Он ҷон ки ӯ парвариш аз фазл худо ёфт

Фии алҷмлаҳ ҳақ ӯст , дар ин чун ва чаро нест

Пас ҳаст тҷлигаҳи ҳақи одами хокӣ

Дар сӯрат ӯ дид , касеро ки риё нест

Чун сӯрат ӯ сӣ ва ду оёти худо буд

эй бебасар ! аз ояти ҳақи ҳеҷ ҷудо нест

Бар зоти мусаффо ба каломи мутакаллим

Ҳаркас ки бидонаст бар ӯ мӯат ва фано нест

Бар фазли худои такяи насимӣ самадӣ кард

Хунаш дигар аз таънаи шайтон дағо нест