Ҷонои биё ки суҳбати ҷон бе ту ҳеҷ нест
Нозу Наим ҳар ду ҷаҳон бе ту ҳеҷ нест
Ҳар кому завқу ъушрату айшу тараб ки ҳаст
эй орзӯии ҷони ман , он бе ту ҳеҷ нест
Фирдавсу ҳур бе ту нахоҳам ки пеши ман
Ҷиноти адану ҳуру ҷинон бе ту ҳеҷ нест
Тоҷи Қубоду малики сулаймон ба ним ҷӯ
Чун ҳосили замину замон бе ту ҳеҷ нест
Боғи биҳишту сояи тӯбои куҷо барам
Конҳо ба чашми зиндаи дилон бе ту ҳеҷ нест
Ҳеҷаст бе вуҷӯди висоли ту ҳар ду кун
Яъне вуҷӯди куну макон бе ту ҳеҷ нест
Саҳбои кавсар аз лаби ризвон ба базми хулд
эй нӯши лаъли пистаи даҳон , бе ту ҳеҷ нест
Дар боғи чашмами об равон меравад вале
эй сарви нози оби равон бе ту ҳеҷ нест
Бигузар зи ному нафй нишон кун нсимё
Чун нестии ту , ному нишон бе ту ҳеҷ нест