Орзӯмандӣу дарди ҳиҷри ёр аз ҳади гузашт

Дар ғамаши сабри дили умедвор аз ҳади гузашт

Гарчи дилшодам ба умеди шаби васлат , вале

Меҳнати ҳиҷрону ҷаври рӯзгор аз ҳади гузашт

Гарчи бар роҳи хаёлаш дида медорам нигоҳ

Интизори васл рӯй оннигор аз ҳади гузашт

Рӯй бинмоӣ эй гули хандон ки бе васли рахт

Бар дили маҷрӯҳи булбули захми хор аз ҳади гузашт

Шарт ошиқ нест аз бедод нолидан , вале

Ҷаври он ошуфтаи зулф беқарор аз ҳади гузашт

Бар умеди ҷоми нӯшин шароби лаъли дӯст

Хӯрдани хӯни дилу дарди хумор аз ҳади гузашт

зи оби мижгонам ҳазар кун каз ғами рӯяти маро

Гиряи ҷони сӯзу чашми ашкбор аз ҳади гузашт

Дар каманди зулфат эй ма , аз камондорони чарх

Тирборон бар ман лоғари шикор аз ҳади гузашт

Бори ҳиҷронати насимии борҳо бар ҷон кашид

Дил заъифаст эйнигор ин бор , бор аз ҳади гузашт