Дил бе ту аз Наими ду олам малол ёфт
Хуррам касе ки бо ту замонӣ висол ёфт
Оворае ки бар сари кӯй ту шуд муқӣм
Мақдӯри қадари иззату ҷоҳ ва ҷалол ёфт
Ҷуз сӯхтан чаҳ кор кунад пеш рӯй шамъ
Парвонае ки партави нур ҷамол ёфт ?
Он хастае ки ёди тўош бар забони гузашт
Таъми ҳаёту лиззати ҷон дар мақол ёфт
Аз хонақоҳу мадриса эъроз кард ва рафт
Оворае ки дар талабати завқ ва ҳол ёфт
Ҷонами зи ғайри сӯрат рӯй ту , маҳв кард
Нақшӣ ки бар саҳифаи ваҳм ва хаёл ёфт
Андешаи халос маҳоласт агар кунад
Мурғӣ ки дому донаи он зулф ва хол ёфт
Дар Карбалои ишқи шаҳидӣ ки ташна рафт
Аз кавсари висоли ту об зулол ёфт
Шодии аҳли ишқи ғами васл дӯст аст
Шоди он дилӣ ки бо ғами ишқ иттисол ёфт
Ҷонӣ ки бо висол ту шуд як нафаси қарин
Ҷовиди зиндаи гашту ҷаҳонӣ камол ёфт
Ҷон дар миёни ниҳоди насимӣ чу шамъ аз он
Дар силки ошиқони ҷамолат маҷол ёфт