То аз лабу чашми ту ба олам хабар афтод

Сад савмиъа вайрон шуд ва сад хона барофтод

Бар тавр дил афтод шабии партави рӯят

Ҷони маст таҷаллӣ шуд ва аз пои дарафтод

Дар кӯии ҳавои ту қадам кӣ наад он кӯ

Кард аз хатари андеша ва дар фикр сар афтод

Зоҳид ки тариқаши ҳамаи шаби зикру дуо буд

Дар ишқи ту бо нолау оҳ саҳар афтод

( бурдор сар аз хоби хуш эй хуфта ки оташ

Дар ҷони гул аз нолаи мурғ саҳар афтод )

Бо ғамза бигӯ ҳоҷати шамшер задан нест

Кони тир ки бар ҷон задае коргар афтод

( аз пухтани савдои сари зулфи сиёҳат

Ҳосили ҳамаи ин буд ки хӯн дар ҷигар афтод )

Гар шуъла занад бар дил хуршед бисӯзад

Ин оташи савдо ки маро бар ҷигар афтод

Омад ба сари кӯии дилами дӯши хаёлаш

Ҷони наъраи занон аз ҳарами тан ба дар афтод

Мақбул назарҳо шуду манзури илоҳӣ

Он дил ки ба назд ту қабул назар афтод

Дар васфи гул рӯй ту печиди насимӣ

Ашъори мунаққаши ҳама зон хуб ва тар афтод