Дилӣ дорам ки дар вай ғам нагунҷад
Чаҳ ҷои ғам ? ки шодӣ ҳам нагунҷад
Миёни моу ёри ҳамдами мо
Агар ҳамдам набошад дам нагунҷад
Дилии кӯ фориғаст аз суру мотам
Дар ӯ ҳам сур ва ҳам мотам нагунҷад
Ҷузи ангуштӣ ки олам хотам ӯст
Дигар чизе дар ин хотам нагунҷад
Забони даракаши насимии худ зи гуфтор
Магӯ чизе ки дар олам нагунҷад