Шамъи рӯяти сифати нур таҷаллӣ дорад
Буии ҷонпарвар зулфати дам исо дорад
Бар дар мактаби ишқат чу хиради рӯҳи амин
Дар канор омаду лавҳи алиф ва бе дорад
Бар сари кӯии ту он дил ки муқӣмаст чу хок
Саҳни боғи Ираму ҷинат аъло дорад
Ҳоли маҷнӯни гирифтор чаҳ донад оқил
Магари он каз ҳамаи олами ғам Лайлӣ дорад
Ҳаст маҳҷӯби зи анвори ҷамолати зоҳид
Тоби хуршеди куҷои дида аъамӣ дорад
Ҳар киро номи гадои з дарат ҳосил шуд
Хотаму ҷоми ҷаму маликат касрӣ дорад
Чашми ман рӯй туро диду хаёл ту гирифт
Пушт бар нақши санами хома Монӣ дорад
То ҷаҳон ҳаст надидааст ва набинад ҳаргиз
Сӯратии ҳамчуи рахт кин ҳама маънӣ дорад
Муддаӣ бехабар аз олам маънӣаст аз он
Дар сар аз ҳуҷҷати хушки ин ҳама даъвӣ дорад
Ботинам зон ҳамаи пурнури анооллаҳ шуда аст
Ки дарахти дили мо оташ Мӯсо дорад
Турфа инаст ки ҳасанати зўръ мустағнӣ аст
Муттақеи такя бар он карда ки тақво дорад
эй насимӣ ба висоли рух ҷонон нарасад
Он ки дар сари талаби ?дане ва уқбо дорад