Аз ту хӯбии тамаъи меҳр ва вафо натавон кард

Гила бо васли гул аз хор ҷафо натавон кард

Кардаам қимати як мӯии туро ҳар ду ҷаҳон

Гарчи ӯро ба чунон тӯҳфа баҳо натавон кард

Умр чун бод ҳаво мегузарад ҳозир бош

Коътмоди ин ҳама бар бод ҳаво натавон кард

Ошиқонро ба ҷафо хоҳ бикаш хоҳ бубахш

Ҳокимӣ , ҳарчӣ кунӣ чун ва чаро натавон кард

Макун оҳанги ҷудоӣ ки ба шамшери аҷал

Шҳрги ҷони маро аз ту ҷудо натавон кард

Ғарраи ваъдаи фардо шуда , имрӯз бибин

Ки бидон насяи чунин нақд раҳо натавон кард

Бар тани ориф агар хирқа набошад саҳл аст

Ҳаст он зуҳд ки дар зер қабо натавон кард

Бар сар дида кунам ҷои хаёлати зонрў

Ки назаргоҳи хаёлати ҳама ҷо натавон кард

Ҳар табибӣ ки шуд аз дарди насимии огоҳ

Гуфт бо дард ба сар бар , ки даво натавон кард