Дилами зи меҳри ту он дам чу субҳ дам ме зад
Ки офтоби рахт дар қадам илм ме зад
зи ҷоми ишқ ту будам харобу масти онрўз
Ки нақши банди қазо , расми ҷом ҷам ме зад
Ба буии зулфи ту ошуфтаи он замон будам
Ки муншӣ кун аз он коф ва навен ба ҳам ме зад
Набӯд хонаи чашмам ҳануз бар бунёд
Ки ишқ рӯй ту бар ҷон дар ҳарам ме зад
Шабӣ ки дидаи ман хилвати хаёли ту буд
Фалак ҳануз саропарда бар адам ме зад
Ба ҷусту ҷӯии висоли ту ман куҷо будам
Ки дар ҷаҳони қадами ҷони ман қадам ме зад
Ҳануз чеҳраи шодии зи ақли пинҳон буд
Ки ишқ бар рухи ҷонами нишон ғам ме зад
Ҳануз хомаи фитрат ба амр « кун » ҷорӣ
Нагашта буд ки бар ман ғамат рақам ме зад
Кулему тавр ҳануз аз адам хабар ме дод
Ки ҷони ман « арнӣ » бо ту дам ба дам ме зад
Куҷо шавад зи хатои поки номаи амалам
Агар на муншии афват бар он қалам ме зад
Чигуна қалби насимӣ чу зар шудӣ роиҷ
Агар на фазли тўоши сикка бар дирам ме зад