Агар гӯям ки меҳру ма , зи рухсорат ҳаё бошад

Вагар гӯям ки инсонӣ , марои шарм аз худо бошад

Маликро нест он сӯрат ки нисбат кардаам бо ӯ

Камоли ҳасану зебоӣ бад-инсон ҳам туро бошад

зи чину ҷаъд гесуят маранҷ ар дам занад нофа

Чаҳ ояд аз сияҳи рӯе ки дар аслаш хато бошад

Висолат нест он ганҷӣ ки бар бегона бигушоӣанд

Ки онро ҳосиласт ин дар ки бо баҳр ошно бошад

Нишони пурсидам аз дилбар , дил гум гаштаро гуфто

Биҷуз дар банд гесуем дили ошиқ куҷо бошад

Тани хокӣ чу гул гардад наёбӣ заррае дар вай

Ки бе савдои он ҷаъду сари зулфи ду то бошад

Биё бо мо бишӯй эй ҷон ба оби дидаи даст аз дил

Ки дил то зулф ӯ бинад куҷо дар банд мо бошад

Набошад аҳди хубонро вафо , гӯйанд ва ме гӯям

Ки хуби онро тавон гуфтан ки аҳдаш бевафо бошад

Ҳарифи мо шӯ эй сӯфӣ ки зикри ҳалқаи риндон

Бааст аз тоъату зуҳдӣ ки бо рӯй ва риё бошад

Биё эй моҳи симин бар ба хӯнами панҷа рангин кун

Каз иқболатгар ин ҳоҷат раво гардад раво бошад

Насимӣ бо ту шуд икрў қафо зад ҳар ду олам ро

Касе кӯи рӯ ба ҳақ дорад ду кунаш дар қафо бошад