Масти шароби ишқаш бебода маст бошад
Бе бодаи маст яъне маст аласт бошад
Даст нигор дорам дар даст , кӣ бирезад
Дастӣ ки бар каф ӯро зини гӯна даст бошад
Онро ки рӯй соқӣ бошад шаробу соғар
Ҳақро ба ҳақи пурситад кӣ мепараст бошад
Онро ки дар сар уфтад зини сарви сояи рӯзӣ
Чархи баланди пешаши кӯтоҳ ва паст бошад
Асрори чашми масташи рӯзӣ ки фош гардад
Бозори зоҳидиро рӯз шикаст бошад
Ишқ аст ҳаст мутлақ яъне ҳақиқати ҳақ
Ҳастӣ надорад он кӯ беишқ ҳаст бошад
Шастаст зулфи хубон дар баҳри ишқи зонрў
Пайвастаи моҳии ҷони ҷӯён шаст бошад
Завқи шаробу шоҳиди доне ки май шиносад ?
Он каз май ҳақиқати пайваст маст бошад
Он каз сари ду олам бархест чун насимӣ
ӯро ба ишқи дилбар доим нишаст бошад