Хӯбӣу бета аз ту ҷафо давр набошад

Вар ҷавр кунӣ ҳаст раво давр набошад

Айбат натавон кард ки ҳастӣ зи вафои давр

Хӯбӣ ки набошад зи вафои давр , набошад

Чашмат ба ҷафои хӯн дилам мехӯрд аммо

Ин мардумӣ аз тарки хато давр набошад

эй карда фаромӯши вафо , аз ту ба ёдӣ

Гар шод кунӣ хотири мо , давр набошад

Гуфтӣ ҷигарат хӯн кунаму ҷон ба лаби орм

Ин марҳамат аз лутфи шумо давр набошад

Бар ҷони ман аз ишқи ту ҳар лаҳза балое аст

Ореи дили ошиқи зи бало давр набошад

Хуш мекунад умеди висоли ту дилам ро

Ин давлатам аз лутфи худо давр набошад

Зоҳид ба ҷинони васли ту гар дод аҷаб нест

Кам ҳимматӣ аз табъи гадо давр набошад

Дорад сухан чанд дилам бо сари зулфат

Гар лутф кунад боди сабо давр набошад

Бар ҷони насимии зи ту ҳар лаҳза сафойӣ аст

Ойӣнаи маънии зи сафо давр набошад