Бародар бе ту дар чашмам ҷаҳон тангаст май нолам

Фалакро бесабаб бо ман сар ҷангаст май нолам

Ба сайди ошён гум карда мурғ бепару болӣ

зи ҳрсўи домани қавмии пар аз сангаст май нолам

На занҷири ҷафо бар гарданам тнкаст аз он гӯям

Ки анқоро зи тавқ оҳанӣн нангаст май нолам

Бинолад булбул аз ҳиҷрони гули амомн аз ваҳшат

Ҳанузам домани васли ту дар чангаст май нолам

Ба ҷонони дарди дил ногуфта монад эй ашки имдодӣ

Ки дил дар изтироб аз нола зангаст май нолам

Бародари мурдаро бо нола дмсозӣ кунанд аммо

Саломати боди ман ноӣу даф ва чангаст май нолам

Биёбони давру мақсади нопадиду раҳзанон дар пай

Ҷаҳони торику раҳи пари санг ва по лангаст май нолам