Хумор май ба лабам қуфл зад аёғ куҷост ?
Калиди майкада гум кардаам чароғ куҷост ?
На андалеб ғазал хон на шохи гули хандон
Дарин баҳор касеро дил ва димоғ куҷост ?
Шукуфаро ба нами абри ҷома дар гарав аст
Бараҳнаро сару сомони айш боғ куҷост ?
Яке ба гирди гулистони хеш сирӣ кун
Бибин ки як гул бе сад ҳазор доғ куҷост ?
Ҳазор ҷинси муродам ба вақт дар гарав аст
Дамӣ ки соҳиб вақте диҳад суроғ куҷост ?
зи шуғли кори худами як нафас раҳоӣ нест
Муҳаббатӣ ки диҳад аз худам фироқ куҷост ?
Ба хӯни дида « назирӣ » бисоз ва бода махоҳ
Барои зоғ меӣ ҳамчуи хӯн зоғ куҷост ?