Ба шарҳи ҳолати ман номаҳо дар атрофаст

Ҳазор қофилаам зери бор ӯ софаст

Ба меҳрбонӣ ӯ эътимод натавон кард

Ки тозаи ошиқаму хотираш ба ман софаст

Ба нола ашк фишонам ки тозаи давлат ро

Атои ним дирами дастгоҳ сад лофаст

Ба ишва кард табассум ба ханда ҷон додам

Хилофи дӯсти намӯдан хилоф инсофаст

Биҳишти рӯзии ноболиғ муҳаббат нест

Касе ки Тифли бимирад мақомаш аърофаст

Ба талхӣ аз лаби ин шоҳидони шоҳи шинос

Агар шавем макрам камол алтофаст

Ҳазор масрафи шукри сарфи манъмони созанд

Нўолаҳ эй ба фақир ар диҳанд исрофаст

зи олимӣ ки ба каси дӯстӣ ба сар нарасонад

Вафои мҷўӣ ки анқо ҳануз дар қофаст

Агар зи рози дилати огаҳами аҷиби мадон

Ки илми кашф на аз қисми илми кшоФст

Ба як табассум дуздидаам фароҳами соз

Ки чун рух ту парешонем аз атрофаст

« назирӣ » аз раҳ санҷидагӣ шавад ғолиб

Дағали мбоз ки мизон ба даст саррофаст