Чунон зи хонаи бурун рафтанам ба дил нанг аст

Ки остонаи биёбону гом фарсанг аст

Ба ҷон дар тан мафлуҷ гашта май монам

Ки дар баромаданами ранҷу монданам нанг аст

Раги равони бгдозд чу гиря гарм шавад

Шарора дар дили фӯлоду қатра дар санг аст

Ба домани дили поки ту доғ ту нарасад

з бас гиристаам хӯни дида беранг аст

Дилами зи сӯрати корам ғариқ андӯҳаст

Ки акси талъати зангӣ бар оина занг аст

Ба гардиши мау хуршеди таъна ҳо дорам

Ба бахти хеши зиёнкора бар сар ҷанг аст

Ғариби нақши хаёлӣ бар об зад дида

Биҷузи худоӣ ки донад ки ин чаҳ найранг аст

Наво ба гӯшт агар мухталиф расад чаҳ аҷаб

Ки як таронаи мо дар ҳазор оҳанг аст

Сухан ба завқ буд дар мазоқ биншинад

Ба сафҳаи калак « назирӣ » чу захма бар чанг аст