Ишқро ком ба аҳди дили худ ком ту нест

Субҳи умеду шаби васл дар айём ту нест

Хондаам дафтари паймони вафои ҳарф ба ҳарф

Номи хубони ҳама сабтаст ҳамин ном ту нест

Ман дили шефта озор намедонам чист

Ки зи хешами хабар аз лиззати дашном ту нест

Об ҳайвон нахурд сайди ту аз лиззати теғ

Ҷон ба ҳасрат диҳад он мурғ ки дар дом ту нест

Оташам дар сару сомон ба чаҳ тадбир задӣ ?

Як сари мӯ чу маро нест ки худ ром ту нест

Охир эй дар гиромии зи кадоми обу гулӣ

Ҳеҷ дил нест ки парвардаи икром ту нест

Ба барозандагии қомати мавзуни нозам

Як қабо нест ки шоистаи андом ту нест

Бош дар дӯстӣ аз хеш « назирӣ » навмед

Ки зи оғози ту пояндатар , анҷом ту нест