Муҳаббати ту ба ҳар дил нишаст кин нанишаст

Дамӣ ба ҳар ки нишастӣ дигар ғамин нанишаст

Ба маҳфилӣ ки ту доман ба ранҷиши аФшондӣ

Магаси зи талхии айшам бар ангабин нанишаст

Ҳамеша гармии хуӣ бар оташам дорад

Ба хӯн нишастам ва он хуй оташин нанишаст

Ҳиҷоби ишқи ғубории миён мо ангехт

Ки аз фишондани домон ва остин нанишаст

Гиреҳ ба гӯшаи абрӯи нигаҳ ба ҷониби ғайр

Ба пеши душмани худ ҳеҷ кас чунин нанишаст

Ту май рӯй ва ман аз изтироб ме меРом

Касе ба ҳоли чунин рӯз вопасин нанишаст

Чунон гаронии хеш аз дарат сабки барадам

Ки аз суҷуди туами гирд бар ҷабин нанишаст

Ғамӣ надид раҳи хона « назирӣ » ро

Ки чун баҳонаи хуии ту дар камӣн нанишаст