Чигуна номи ту орем бар забони густох
Ки ёд ту натавон кард дар ниҳони густох
Агар ба гулбуни ту булбулӣ паноҳ оварад
Касе намезанадаш гул бар ошёни густох
Ҳар арҷманд ки дар роҳи ту шаҳид шавад
Ҳумо намекунадаш қасди устихони густох
Агар саволӣ аз об лаб кунем хира бубахш
Ба мизбон Каримаст , миҳмони густох
Ба каъбаи саҷда ориф намекунанд қабул
Агар ба дайр наад по бар остони густох
Муҳаррамоти ҳарамгоҳ ҳои маъбуданд
Ба муқтазои табиати мадаи Аннани густох
Аҷаб ки ҷон ба саломат баранд мағрурон
Ситорагони қдрондозу осмони густох
Чигуна ҳурмати дарвеш порсо монад
Саволи зишт ва , ғании сахти дил , забони густох
Мабод соъиқа бениёзе биҷаҳад
Чунин мҷўӣ « назирӣ » азуи нишони густох