Маҷлис чу бар шикасти тамошо ба мо расед

Дар базм чун намонад касе ҷо ба мо расед

Даллоли ишқ буд харидори длстон

Худро фурухтем чу савдо ба мо расед

Болу пар аз дарозӣ манзил бсухтем

Пайғом бе ниёзии анқо ба мо расед

Гар гмрҳими тираи шаб аз хоб ҷуста ем

Ҳасани ту шӯр кард ки ғавғо ба мо расед

Омухт ҳарчӣ ишваи зи габрӣ ба мо фурухт

Андӯхт ҳарчӣ ғамзаи зи яғмо ба мо расед

Баъд аз ҳазор саъйу савобу муҷоҳидат

Зуннори роҳибу бути тарсо ба мо расед

Моро куҷост арзиши захми илтифоти ту

Шуд оми он чунон ки таманно ба мо расед

Раҳмии намоу мастии моро тамом кун

Зон хам ки як пиёлаи саҳбо ба мо расед

Мушкили Аннани нола « назирӣ » тавон гирифт

Боди баҳору накҳати саҳро ба мо расед