Олам аз ишқ дар вуҷӯд омад

Ишқ меъмор ҳаст ва буд омад

Дар башари кибриёӣ ишқ намӯд

Малик аз аҷз дар суҷуд омад

Рад шуд аз садри боргоҳи шуҳуд

Он ки дар кори мо ҳасуд омад

Ишқ бар тахт аз зибр нагирист

Ақлу лавҳу қалам фурӯд омад

Ҳарчӣ аҳлят намӯдан дошт

Ҳама аз ишқ дар намӯд омад

Нест ҷузи ишқу ошиқу маъшӯқ

Ҳарчӣ дар маъраз шуҳуд омад

Ақл бар кори ишқи сӯхти сапанд

Шакли ин гунбад кабӯд омад

Ишқ санъат намӯд бе олат

Буд ҳарчанд аз набӯд омад

Ҷомаи маҷнӯни дард ки халъати ишқ

Орӣ аз ҷинси тор ва пуд омад

Ишқро ишқи дай ва фардо нест

Дайри ҳам зӯдтари з зуд омад

Шуд ҷавонӣу ишқу ҳирс ба ҷост

Шуъла бинишасту хас ба дӯд омад

зи сухан бар лаб « назирӣ » ҷӯш

Ишқ дар гуфт ва дар шунӯд омад