Шамъро зиндаи дилӣ дар шаби тор охир шуд

Рӯзи ъушрати ҳама дар хоби хумор охир шуд

Шох саркаш шуду дасти ҳама кӯтоҳ бимонад

Ҷаври гулчину низои сари хор охир шуд

Андалеб ар насарояд ба қафас маъзӯраст

Гул ба бозор набурданду баҳор охир шуд

Халъати даҳр ба андозаи ҳол акнӯн нест

Чархро ришта ба ҳам рафту мадор охир шуд

Ҳамчуи динор ки дар пой карямон уфтад

Кас нагуфт аз чаҳ шуморему шумор охир шуд

Камтар аз ранги ҳино буд ба мо лутфи ҷаҳон

Сару дастии нФшондим ванигор охир шуд

Фикри ноомада инаст ки имсоли гузашт

Ғами ояндаи ҳамон буд ки ёр охир шуд

Нақши рухсори ту бар сафҳаи ҷони гашти рақам

Парда бар як тараф андоз ки кор охир шуд

Шоҳидони гӯшаи чашмӣ ба « назирӣ » доранд

Ҳарчӣ дил , сайд ҳаме карду шикор охир шуд