Онро ки қабули ту харидор набошад
Дар байъи гуҳи ҳеҷ дилаш бор набошад
Аз қимат Юсуф нашавад як сари мӯ кам
Ҳарчанд харидор ба бозор набошад
Гуё ту бурун май рӯй аз сина , вагарна
Ҷон додани каси ин ҳама душвор набошад
Аз наргиси махмури ту бар бистару болин
Бар пой равад фитна ва бедор набошад
Аз ҷодуии ҳасани ту дар пеши ҷамолат
Бар хоки тпди сайд ва гирифтор набошад
Ғами ёри ману бахти саросема ки ин ғам
Гар аз ту буд чун зи маниш ор набошад
Он шуъла ки уфтад ба хасу хор на ишқ аст
Ҳар сӯхтаи зини нашъа хабардор набошад
Бо дарди ту аз кас накунад ёд « назирӣ »
Парвона ки сӯзад ба гулаш кор набошад