Боис ронданам аз базми биҷуз ор набӯд

Варна касро ба ман ва бӯдан ман кор набӯд

То шудам аз ту ҷудои тафриқа помолам кард

Давлати он буд ки ин фурқат дидор набӯд

Ҳамаи осони зи ҷудои ту мушкил гардид

Ҳеҷ душвор ба дидори ту душвор набӯд

Ба бадӣ дар ҳамаи ҷо ном барорам ки мабод

Хӯни ман резӣ ва гӯйанд сазовор набӯд

Нола аз баҳр раҳоӣ накунад мурғи асир

Хӯрд афсӯси замонӣ ки гирифтор набӯд

Ишқам аз суду зиёни ду ҷаҳон фориғ кард

Аз чаҳ корам ба ҳамаи умри ҳамин кор набӯд

Хуш дилӣ кард « назирӣ » буриши имшаби холӣ

Сад сухан гуфт ки шоиста изҳор набӯд