Ин ҷо на баҳри санги сияҳ нур фурушанд

Ин мояи бениш на баҳр кӯр фурушанд

Фарёд ки ҳаркас ба асирӣ фитад ӯ ро

Шартаст ки аз хешу ватан давр фурушанд

Ғайрат нагузорад ки ба чашму дили мункир

Як зарраи зи хокистар Мансур фурушанд

Зебанда буд даъвии мастурии хубон

Ҳарчанд ки ҷавлон ба сар тавр фурушанд

Сардаст чунон хонқаҳу дайр ки оташ

Дар водии даврии шаб диҷўр фурушанд

Он дрдкшонӣ ки шносоӣ айёранд

Фирдавс ба як хӯша ангур фурушанд

Ихроҷ мғл хоҳаму тороҷи қизилбош

Каз ҳинд баранд ва ба ншобўр фурушанд

Дар ишқи ту бо қадар ва бҳоем ки азиз аст

Вайрона ки дар кишвар маъмур фурушанд

Қурбон шудагон ту ба қассоби сари кӯй

Як сина ба сад зарбат сотўр фурушанд

Бо риши дилу синаи носур « назирӣ »

Хуш бош ки кам банда ранҷур фурушанд