Поймолами фитнаеро ҳар ки дар шӯр оварад

Бар сари роҳами бало аз ҳар тараф зӯр оварад

Тухми ғам дар обу хоки ман накӯ бар ме диҳад

Хирманӣ ҳосил кунам ,гар дона ӣӣ мӯр оварад

Он ки шоми зиндагонии шамъ болинам нашуд

Кӣ пас аз маргами чароғӣ бар сар гӯр оварад ?

Ишқу ташрифи ҳам оғӯшӣ , маҳоласт ин ки кас

Халъати султон барои муфлис ъўр оварад

Неи ҳамин ҳангомаи расвоӣ ман шуд баланд

Ишқи доим бар сари бозор Мансур оварад

Ҳасани гули барқӣ ба бустон зад ки акнӯн шохи гул

Булбулу парвонаро маҷрӯҳ ва ранҷур оварад

Маҷлиси ишқ аз фурӯғи ман « назирӣ » равшан аст

Мӯсо аз баҳри чароғами оташ аз тавр оварад