Омад дигар ба сулҳ ва дар фитна боз кард
Сулҳӣ ба маслиҳати паии ҷанг дароз кард
Шуд умру саргаронӣ ӯ бартараф нашуд
Бар ман ба қадари мартабаи ишқ ноз кард
Худро ба коми душман худ дид он ки ӯ
Бо дӯстони тағофули душман навоз кард
Чашм тамаъ бидӯз ки аз дар қисмати касон
Ҳаркас гушӯд дида ба ҳасрат фароз кард
Сад мӯъҷиз аз каромати лаъли ту дида ам
Аз ту наме тавон ба хато эҳтироз кард
Ҳарҷоӣ байнам аз ту сазои парастишӣ
Дар каъба ме тавон ба ҳамаи сӯ намоз кард
Савти ман аз таронаи ноҳиди бргзшт
Шудӣ баланди мутриби ҳасани ту соз кард
Табли вуҷӯди айш « назирӣ » ба ҳам назд
Кӯтоҳ дид марҳалаи хоб дароз кард