Афсонаи ширини маро гӯш накарданд

Сад талх чашидам шукрӣ нӯш накарданд

Як хурда гирифтанд пас аз нукта бисёр

Гаштем фаромӯш ва фаромӯш накарданд

Мо рӯзаи азин моида бар хушк кушодем

Дар косаи мо ҷуръаи сар ҷӯш накарданд

Маълум шуд аз мастии мо ҳавсилаи мо

Доданд ба ҳикмат май ва биҳуш накарданд

Бояд ба Асо рафт чу Мӯсо ки дарин роҳ

Як чоҳ наканданд ки хас пӯш накарданд

Дар ҳалқа шудам зон хати рухсору қаринам

Бо кавкаби он субҳ биногваш накарданд

Ҷонам ба раҳи прдгёни саҳарии сӯхт

Сӯем нигаҳӣ аз таҳи шаб пӯш накарданд

Хуноба ба бӯи омада бар ҷайбу канорам

Зон сунбули хуши бум дар оғӯш накарданд

Имрӯз на раҳмаст ки лаб ташна гузоранд

Онро ки лабитар з медӯш накарданд

Фарёди азин шавқ ки дар ҷон « назирӣ » аст

То мурданаш аз замзама хомӯш накарданд