Монанди сароби банд бар по
Беҳудаи шудеми дашти паймо
Бебаҳр намӯда шакли соҳил
Беоб намӯда мавҷи дарё
Сар дода ба бод буду нобӯд
Бигрифта зи хоки арзу паҳно
Бар авҷи расидаи гуҳи зи пастӣ
Дар пасти фитодаи гуҳи зи боло
Чун зулмат нестӣ даромад
На монад рух ва на монад симо
Дар ноӣ дамид дами мғнӣ
Лаби баст ва фурӯ нишаст ғавғо
Ошиқ ки ва ишқ чист ? доне
Дармондау дард бе мудово
Саргашта матлаб маҳолем
эй кош набӯд ин тақозо
Охир ба чаҳ моя қурб ҷӯйем
Болу пари мӯру роҳи анқо
Оташ нашавад ба боди хомӯш
Аз сар наравад ба фикри савдо
Чун ҳақ нашавад аён « назирӣ »
Гӯйем ки лоолаҳи ало