Ишқаст тилисмӣ ки дар ва бом надорад

Он кас ки азу ёфт нишон ном надорад

Баси ҳалаи алвон ба қад ишқ буриданд

Як ҷома ба андоза андом надорад

Бодӣ ки вазад ваҷд кунад масти муҳаббат

Ошиқи сари савдоӣ май ва ҷом надорад

Баси зовияи ҳоли марои рӯз латиф аст

Тоби нафаси субҳу дам шом надорад

Оғоз ҷунунам шуду поёни муҳаббат

Корӣаст ба анҷом ки анҷом надорад

Аз хеш тасаллӣ нашавам то рамақӣ ҳаст

Парвона ба ҷон бохтан ором надорад

Кӯтаҳи назарон дар талаб тӯша роҳанд

Арзи ду ҷаҳони вусъати як гом надорад

Зон донаи мишкӣну хат сабз надидам

Мурғӣ ки дилӣ дар гарав дом надорад

Ҷони зери лаб аз поу сараш бӯса бичинад

Кони нахли биҳиштии самар хом надорад

Сархуши зи лабаш беш шудам каз лаби соғар

Май чошнии талхӣ дашном надорад

Урёнии моро шарафи каъбаи бипушад

Дарвеши ҳарами ҷома эҳром надорад

Ҷузи табъ « назирӣ » ки ҳақи ишқ адо кард

Кас нест ки дар гардани азу вом надорад