Ин ки дили номанд чун ҳрзм ҳамоил карда анд

Ҳайкалӣ аз изтироби ҷисм бсмл карда анд

Аз кадомин дудмон то ин далел афрӯхтанд

Чархро парвонаи фонӯс маҳмил карда анд

Ин гул аз ҳар шох худруе намеояд ба бор

Тухми як ҷои куштаи сад ҷои об дар гул карда анд

Дар хаёли қайди зулфу хол ҳаркас монад монад

Фикр дигар кун ки ҳали уқда мушкил карда анд

Аз қадам то фарқи нозу нӯш ва бар абрӯи гиреҳ

Хон даъват чидаанду манъ соил карда анд

Аз пай дунё машав пӯёни дарин мавҷи сароб

Ҳар нафаси нақшӣ падед оварда ботил карда анд

Халқро дар ҳар нафаси мӯату ҳаётӣ мзмр аст

Дар зулоли зиндагии заҳр ҳалоҳил карда анд

Рӯй аз майдон сарбозон бигардон коҳили завқ

Пои кӯбони сари нисори роҳ қотил карда анд

Мо ба чини зулфи киштӣ бар канор оварда ем

Ишқ дарёӣаст каши дидор соҳил карда анд

Гирди худ гирдам ки байнам дар ҳавоӣ кистам

Зарраам аммо ба хуршедам муқобил карда анд

Ишқро ҳангомаи имрӯз аз « назирӣ » равшан аст

Ҳар тараф аз гуфтугӯяши гарм маҳфил карда анд