Каманду доми мо ғайр аз шикор ғам наме гирад

Магас бар хон айши мо ба ҷуз мотам наме гирад

Насиби дигарон ҳар лаҳзаи ратли ханда лабрез аст

Таҳи ҷоми табассуми навбати мо нам наме гирад

Ба ширинии муҳаббат дар дили дигар зиёдат кун

Ки зарфи мо азин як қатра беш ва кам наме гирад

Марӣзони диёри ишқи хуш беморе доранд

Касе дору намехоҳад , касе марҳам наме гирад

Ҳисоби имшабу фардо ба зулф дарҳамӣ дорам

Шумори зулму бедодӣ касе барҳам наме гирад

Сиррӣ аз хокгар гум гашта мо барканд шояд

Дили моро ба ҳеҷ он зулфи хам дар хам наме гирад

Ба оҳ ва нола меҷӯяд « назирӣ » бар дарат роҳӣ

Сикандар саф намеороед ва олам наме гирад