зи бедоди ту ҳарфи меҳрро ному нишон гум шуд

Китоби ҳасанро ҷузви муҳаббат аз миён гум шуд

зи ҷӯши булҳаваси гирди дилат ошиқ наме гардад

Туфайлӣ ҷамъ шуд чандон ки ҷои миҳмон гум шуд

Саҳари байтии мғнӣ май сурӯд аз ту ба ёд омад

Чунон шурӣ баровардам ки вақти дӯстон гум шуд

Ба нолши хостами ҷо дар дилат , афтодам аз чашмат

Гадо омад ки садр қурб ёбад , остон гум шуд

Пас аз умрӣ шудам арзӣ кунам , чандон ба пеш омад

Ки мазмуни сухани садбор аз дил то забон гум шуд

Матоъии дайр агар дорем бар мо рад макун зоҳид

Ба азм каъба мерафтем роҳи корвон гум шуд

Ҳуш то тофт рӯ аз ман мизоҷи корҳо баргашт

Тараб тобаст дар бар ман калиди осмон гум шуд

Ҳавасро дар фироқи марҳамати хоб гарон бигирифт

Тарабро дар суроғи офияти ному нишон гум шуд

Агар пурсад касе ҳол « назирӣ »ро бигӯедаш

Ки дар домаст он мурғӣ ки шаб аз ошён гум шуд