На ҳар мағзӣ ки бӯед накҳат аз Миср ва Яман гирад

Машоми тез бояд то насиб аз перҳан гирад

Шамемӣ гарна тар дорад димоғи пери канъон ро

Писар гум кардае чун инс бо байт алҳзн гирад

Варақ аз кас чаҳ май хоҳии сабақ аз кас чаҳ май гирӣ

зи дили ҷавҳар чаҳ май ҷӯӣ ки файз аз хештан гирад

Дамии наққош аз найрангӣ сӯрат наёсоед

Фиреби нақши ширини дили зи даст кӯҳкан гирад

Нафас талхаст то таъм ҳақиқат нест бо мағзаш

Сухан ширин шавад вақте ки авранг сухан гирад

зи худ гар бигузарӣ шоҳӣ кунӣ дар малик бе хешӣ

Азиз Миср гардад ҳарки дар ғурбат ватан гирад

Дарин дайри куҳан чун амн гардад хотири инсон ро

Ки аввал аҳриман бигирифту охир аҳриман гирад

зи урёнӣ ба ин шодам ки аз ташвиши озодам

Гиребонӣ надорам то касе аз даст ман гирад

Чаҳ роҳат аз ватани онро ки ёраш дар сафар бошад

Куҷо бе рӯй гули ороми булбул дар чаман гирад

Ба аҳди зиндагонӣ чок зад ҳаркаси гиребонӣ

Ба вақти марги натавонади қарори андар кафан гирад

зи баси буии камол ширк меояд зи тавҳидам

Дар иршоди Муғони такбир аз ман брҳмн гирад

Сухан ҳар рӯзи олам гиртар гардад « назирӣ » ро

Ки мардум беш ҷо дар сояи нахл куҳан гирад