Ҳаргиз ба сайри гули дил маҳзун наме равад

Ёр аз хаёл ғам зада берун наме равад

Ишқ аз ҷаҳон баридан ва аз ҷон гузаштан аст

Кори вафои зи пеш ба афсун наме равад

Мардон ба ҷо ба азму таваккул расида анд

Як дил рамида нест ки дар хӯн наме равад

Аз захми ишқ дар бен ҳар санги куштае сет

Аз хӯн мо куҷост ки Ҷайҳун намеравад ?

Лиззат ба хоб мераду шодӣ ба ғофилӣ

Дар ҳар дилӣ ки ӯ ба шабихун наме равад

Дар ҳарфи талхи нӯши лабони сад дақиқа аст

Кӯтоҳи байни зи лафз ба мазмун наме равад

Мурғони даштро зи ғам дил ҷароҳатаст

Шаб нест кин хурӯш ба ҳомӯн наме равад

Аз бас ки рад шуд аз дар мақсӯди ҳоҷатам

Оҳами зи инфеъол ба гардун наме равад

Онро ки гӯши дили шунӯди нолае бас аст

Ошиқ ба дарси пеш Флотўн наме равад

Роҳи вафои зи тафриқаи ишқ баста шуд

Дерии сети ноқа бар сар маҷнӯн наме равад

Буии насими фақр « назирӣ » шунида аст

Аз раҳ ба тоҷу тахт Фаридун наме равад