Дил каз ту шуд бурӣда кам аз санг ва рӯ набӯд
Пайванди рӯҳ буд ба ту инс ва ху набӯд
Меҳри ту ногаҳон ба сар омад сабаб надошт
Ҳиҷри ту иттифоқ фитод орзӯ набӯд
Носозӣ назокати толеъи сабуи шикаст
Бо он ки дар дами он қадари андар сабу набӯд
Чашму димоғи мардуми оқили гирифта буд
ё худ гули ҷунуни марои ранг ва бӯ набӯд
Ақлам ки имтиёзи гуҳари з устихон накард
Ком ҳумо бурид ва дараш дар гулӯ набӯд
Гар пул ба роҳи номау қосид наме шикаст
Бисёр тираи оби муҳаббат ба ҷӯ набӯд
Мӯъҷиз фурӯ гузошт зи сари кони гули изор
Лоиқ ба рӯй муфлиси ношстаҳ рӯ набӯд
Гуфтам ки аҳд бастан ва танҳо гузоштан
Доне бадаст , агарчӣ нагӯям накӯ набӯд
Ҳасани ту дар тарозуии абр ва бало фурухт
Рӯзӣ ба ман ки дасти раси санг ва рӯ набӯд
Гуфт он замон ки ғамзаам ин моҷаро навишт
Ҳеҷам ба ҳастӣ ту сар гуфт ва гӯ набӯд
эй тоирӣ ки номаи сӯии дӯст май барӣ
Гар прсдт ки буд « назирӣ » бигӯ набӯд