Тулӯъи бодаи зи шому саҳари дареғи мадор

зи хоки ҷуръаи худ чун қамари дареғи мадор

Агар ба ганҷи сари бел боғбон ояд

Бигӯ ки оби зар аз ҷоми зари дареғи мадор

Ҳаёт талх бидиҳ айш хушгувор бигир

Чу ишқ теғ кашад ҷону сари дареғи мадор

Ба шукри он ки ҳадисӣ чу ангабини дорӣ

зи соилони турши рӯи шукри дареғи мадор

Туро ба бениши кӯтоҳ хеш натавон дид

Магари туро ба ту байнами назари дареғи мадор

Даруни ҷонӣ ва дар пардае зи мардуми чашм

Ҷамол агар нанамое хабари дареғи мадор

Ҳамеша чашм ба эҳсон ошно дорад

зи хоки куштаи ғурбати гузари дареғи мадор

Ҷароҳати дили шӯрида хушк ме гардад

Аз он ду зулфи сияҳи машктар дареғи мадор

Баёни шавқ « назирӣ » дароз иншое аст

Баёзи чеҳраи зи хӯни ҷигари дареғи мадор